Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳамкорӣ бо Бонки Тиҷорати Эронро таҳрим кард


Вазорати молияи Амрико хабар додааст, ки бар зидди Бонки тиҷорати Эрон таҳрим эълон мекунад. Бонки Тиҷорат севвумин бонки бузурги Эрон аст. Ба гуфтаи вазорати молияи Амрико, сабаби таҳрими ҳамкорӣ бо Бонки Тиҷорат ин будааст, ки он бо чанд бонк ва ширкатҳои дигари Эрон ҳамкорӣ мекунад ва ин бонкҳову ширкатҳо барои фаъолияташон дар густариши аслиҳаи куштори ҷамъӣ акнун таҳти таҳримҳои байналмиллалӣ қарор гирифтаанд. Вазорати молияи Амрико гуфтааст, дар сурате, ки бонкҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ бо Эронро қатъ мекунанд ва пули миллии Эрон ба суръат арзиши худро аз даст медиҳад, қатъи ҳамкорӣ бо Бонки Тиҷорат баъзе аз роҳҳои дастрасии Эрон ба низоми молии ҷаҳонро мебандад. Бонки Тиҷорати Эрон аз нахустин бонкҳои хориҷӣ буд, ки дар шаҳри Душанбе дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон намояндагии худро боз карда буд.
XS
SM
MD
LG