Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон то 2014. Амрико кӯмак мекунад, Аврупо чӣ?


Сафири Амрико дар НАТО мегӯяд, кишвараш ба талошҳои худ дар Афғонистон то соли 2014 идома хоҳад дод.

Аммо кишварҳои аврупоӣ, ки дар ҳоли ҳозир ба бӯҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд, ҳамин корро хоҳанд кард ё на, суолест, ки посухи он дар нишасти Чикаго рӯшан хоҳад шуд.

Қарор аст, раҳбарони кишварҳои узви НАТО дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар нишасти Чикаго ин мавзӯъро баррасӣ кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, дар ин конфронс ба таври вижа дар бораи тавофуқҳои нишасти дуввуми Бонн ва идомаи кӯмакҳои молӣ ва низомӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон баҳс хоҳад шуд.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон моҳи декабри соли гузашта дар нишасти Бонн аз ҷомеаи байнулмилалӣ хоста буд, то бо Афғонистон барои 10 соли дигар кӯмак кунанд, то ҳамаи дастовардҳои як даҳа дар ин кишвар ҳифз шавад.

Ӯ ваъда дода буд, ки бо фасод дар Афғонистон муборизаи ҷиддӣ ва муассир анҷом дода, дар идораҳои давлатӣ ислоҳот ворид мекунад, волоияти қонунро таъмин месозад ва дар интихоботҳои шаффофу одилона баргузор мекунад.

Сафири Амрико дар НАТО рӯзи душанбеи 23 январ гуфтааст, мавзӯи меҳварии нишасти Чикаго стратегияи НАТО дар Афғонистон ва зарфиятҳои ҳампаймонони он хоҳад буд.

Аз ин пеш, Ҷовид Лудин, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон дар як нишасти хабарии муштарак бо намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон гуфт: "Пас аз нишасти Чикаго, конфронси Истанбул бо ширкати вазирони корҳои хориҷии минтақа баргузор хоҳад шуд."

Силсиланишастҳо дар мавриди Афғонистон давоми имсол идома хоҳанд ёфт ва як конфронси байналмилалии дигар моҳи июл дар Ҷопон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG