Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон бо Тоҷикистон 470 км марзи баҳсталаб дорад


Як мансабдори баландпояи Қирғизистон гуфтааст, кишвараш то ҳанӯз 470 километри марзи худро бо Тоҷикистон дақиқ накардааст. Фармондеҳи нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Зокир Тиленов дар иҷлоси порлумони ин кишвар гуфт, ҳамчунин 320 километри марзи Қирғизистон бо Узбакистон муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Минтақаҳои мазкур байни ҳар се кишвар баҳсбарангез боқӣ мондаанд. Қирғизистон танҳо тавонистааст, мушкили марзии худро бо Чин ва Қазоқистон ба таври комил ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG