Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Муаммар Қаззофӣ вориди даргирӣ шудаанд


Тарафдорони раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ барои назорат бар Бани Волид -- яке аз пойгоҳҳои режими собиқ дар ҳоли ҷанганд. Хабаргузориҳо ба нақл аз манобеи дарёфтӣ мегӯянд, дар ин даргириҳо чаҳор нафар кушта ва қариб 20 тан захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, тарафҳо аз силоҳи вазнин низ истифода мекунанд. Даргирӣ замоне сар шуд, ки ниманизомиёни Шӯрои миллии Либия бархе аз афроди вафодор ба Қаззофиро дар ин ҷо ба ҳабс гирифтанд. Бани Волид дар 200-километрии ҷанубушарқи пойтахт Троблус воқеъ буда, маркази қабилаи Варфаллоҳ мебошад.
XS
SM
MD
LG