Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Охирин сухани модарам дар бораи Маҳмадрӯзӣ буд"


Қутбия Тошева, модари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократ
Қутбия Тошева, модари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократ

Қутбия Тошева, модари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократ дар Тоҷикобод ба хок супорида шудааст.

Муҳаммадмусо – бародари Искандаров ба Радиои Озодӣ гуфт, модараш то даҳ дақиқаи пеш аз маргаш сӯҳбат мекард ва охирин суханаш низ дар бораи фарзандон, бахусус, Маҳмадрӯзӣ буд.

“Вай дар синни 82-солагӣ вафот кард. То замоне ки Маҳмадрӯзиро зиндонӣ карданд, сиҳҳатияш хуб буд. Аммо баъд умедашро аз даст дод. Вақтҳои ахир ӯ тамоман аз хона берун намебаромад”,-гуфт Муҳаммадмусо.

Муҳаммадмусо, ки ҳамроҳи модараш дар Тоҷикобод буд, гуфт, хонум Қутбия дар як соли ахир ба Душанбе наомада, бо Маҳмадрӯзӣ низ танҳо ду сол пеш дидор кардааст.

Акси Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Акси Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Қутбия Тошева, модари Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар тӯли умри худ даҳ фарзандро ба оварда ва ба воя расонидааст, ки Маҳмадрӯзӣ яке аз онҳост. Аммо Муҳаммадмусо мегӯяд, бародараш аз марги модари худ танҳо дар ҳамон рӯз огоҳ шудааст.

“Медонистем, ки ӯро аз зиндон раҳо намекунанд ва барои ҳамин аз мақомот нахостем, то ӯро бигузоранд, ки дар рӯзи дафни ҷанозаи модарам иштирок кунад”,-гуфт бародари Маҳмадрӯзӣ Искандаров.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, журналисти тоҷик мегӯяд, дар хотираи ӯ яке аз рӯзҳои тирамоҳи соли 2005 нақш бастааст, ҳамон вақте ки Қутбия Тошева ба мурофиаи фарзандаш ҳамчун шоҳид даъват шуд.

“Ман ӯро барои аввалин бор медидам. Ёд дорам, ки судя Зафар Азизов аз ӯ хост, то кадом қазияро нақл кунад. Аммо ҳуши ӯ на ба судя, балки ба Маҳмадрӯзӣ буд, ки дар курсии айбдорӣ менишаст. Ин саҳнаи риққатбор буд барои ҳама. Он вақт судя гуфт, ки ӯро дигар барои шоҳидӣ даъват намекунад”,-нақл кард Раҷаби Мирзо.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократ ва мудири собиқи ширкати давлатии “Тоҷикгаз-“ро соли 2005 аз ҷумла бо гуноҳи терроризм ва сӯистифода аз мақом ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Аммо Искандаров худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG