Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти пурсарусадое дар Тоҷикистон


Бино ба гузоришҳо, дар Тоҷикистон як гурӯҳи муташшакили ҷиноиро боздошт кардаанд, ки ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешаванд ва дар миёни онҳо бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳаст. Хабаргузории РБК-и Русия бо такя ба дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин гурӯҳ ҳафтае пеш дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дастгир шуд ва Фаридун Умаров, бародари Мансур Умаров, муовини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як узви муҳими ин гурӯҳ будааст. Ҳамчунин, Зафар Мирзоев, сардори шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири вазорати умури дохилӣ ва Тоҳирхон Шеров, раиси шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе дастгир шудаанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ Фаридун Умаров раҳбарии шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ноҳияи Фархорро бар ӯҳда доштааст. Аз ин гурӯҳ 42 кило маводи мухаддир мусодира шудааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ин хабарро ба Радиои Озодӣ таъйид кард.
XS
SM
MD
LG