Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баррасии қонуни баҳсбарангез дар сенати Фаронса


Сенати Фаронса ба баррасии қонуни ҷанҷолбарангезе пардохт, ки қатли дастаҷамъии арманиҳо дар аҳди туркони усмониро наслкушӣ медонад ва барои рад кардани ҷазои сахт муқаррар мекунад. Санади мазкур, ки ҷанҷоли дипломатиеро миёни Фаронсаву Туркия ду шарик дар паймони НАТО барангехт, дар палатаи поёнии порлумони Фаронса тасвиб шудааст. Дар сурати ниҳоӣ шудани қонун, афроди гунаҳкор то ба як соли зиндон ва пардохти 45 ҳазор евро маҳкум хоҳанд шуд. Баъди тасвиби қонун дар палатаи поёнии порлумони Фаронса дар моҳи декабри соли гузашта, Туркия сафирашро барои муддати кӯтоҳе аз Фаронса фаро хонд ва ҳамкориҳои низомиву иқтисодӣ бо он кишварро муттавақиф кард. Арманистон мегӯяд, дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Аввал, дар солҳои 1915 ва 1916, туркони усмонӣ тақрибан 1,5 миллион арманиро куштанд, ки наслкушӣ маҳсуб мешавад. Туркия ин иддаъоро рад карда мегӯяд, дар ҷангҳои он солҳо талафот аз ҳарду тараф зиёд буд.
XS
SM
MD
LG