Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои муассиси “Megaupload” аз додгоҳ


Ким Дотком, муассиси “Megaupload”, яке аз бузургтарин торнамоҳои тавзеъи матолиб аз додгоҳе дар Зеландияи Нав хостааст, ӯро дар ивази васиқа аз боздошт раҳо кунад. Аммо додгоҳ судури ҳукм дар ин заминаро то як ҳафта ба таъхир гузошт. Ким Дотком, ки шаҳрванди Олмон аст ва бо номи Ким Шмитз низ маъруф аст, бо талаби мамқомоти Амрико рӯзи ҷумъа шаҳри Аукланди Зеландияи Нав боздошт шуд. Хадамоти Федероли Таҳқиқоти Амрико (FBI) ӯро ба нақзи ҳуқуқи муаллиф ва пулшӯӣ муттаҳам мекунанд. Додситонҳо мегӯянд, Ким Дотком метавонад, бо паспортҳои гуногун ва пуле, ки дорад, фирор кунад. Муассиси “Megaupload”-ро дар гузашта барои рахнагарӣ ва муомилоти ғайриқонунӣ ҷазо гирифтааст. Додситонҳои Амрико мегӯянд, торнамои “Megaupload” бо тақсими ғайриқонунии филмҳо барои офарандагони онҳо 500 миллион доллар хисорот ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG