Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳмонони "нохонда" дар қароргоҳи як ҳизби Қазоқистон


Як ҳизби ғайрирасмии Қазоқистон мегӯяд, маъмурони амниятӣ хона ва утоқҳои кории раҳбарони ин ҳизбро тафтиш кардаанд. Намояндагони ҳизби Олға гуфтанд, ин маъмурон субҳи имрӯз ба қароргоҳҳои ҳизб дохил шуда ва кормандонро нагузоштаанд, ки ба қароргоҳ дароянд. Мақомот ҳанӯз ин амали худро шарҳ надодаанд. Мақомоти Қазоқистон солҳост, ки ҳизби Олғаро сабти ном намекунанд ва ба интихоботҳо ҳам роҳ намедиҳанд. Дар интихоботи 15 январ ҳамин сол Ҳизби Нур Отани раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, аксари курсиҳои порлумонро аз они худ кард, вале ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ ин интихобот ғайридемократӣ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG