Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмон мегӯяд, пазироиҳои бодабдаба бас аст


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз мақомоти расмӣ хост, аз пазироии бодабдабаи ӯ дар минтақаҳои кишвар парҳез кунанд. Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар ҷаласаи ҳукумат аз раҳбарони ноҳияҳо хост, ба харҷи зиёд дар мизбонии ӯ роҳ надиҳанд ва барои ин кор аз мардум пул нагиранд: “Раисони мӯҳтарам даъват мекунед, президент омада истодааст, трибуна мекунед, пул биёр, қолин мехаред, “дорожка” пул биёр, гул мехаред, пул биёр, хӯрок медиҳем, пул биёр. Ин чӣ гап аст. Бардоред ин чизҳоро, накунед ягон чиз!!!” Матбуоти Тоҷикистон дар гузашта борҳо мақомоти расмиро сарзаниш кардаанд, ки зимни истиқболи раиси ҷумҳур тамаллуқкориву муболиға мекунанд.
XS
SM
MD
LG