Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Брюссел таҳримот алайҳи Эрон баррасӣ мешавад


Қарор аст, имрӯз Иттиҳодияи Аврупо таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эронро васеътар кунад. Ба гуфтаи дипломатҳо, интизор меравад, вазирони умури хориҷии кишварҳои узв бар сари таҳрими воридоти нафти Эрон ва муомила бо Бонки Миллии Эрон ба созиш бирасанд. Кетрин Эштон, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар шаҳри Брюссел дар ин бора гуфт: “Фишор аз роҳи таҳримот ба хотири он аст, ки Эрон талабҳои моро ҷиддӣ бигирад ва ба сари мизи музокирот ва ба гуфтӯгу баргардад.“ Эрон мегӯяд, ҳадафи барномаҳои атомии он сулҳомез аст, аммо кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон таҳти пӯшиши ин барномаҳо, бомби атомӣ месозад.
XS
SM
MD
LG