Пайвандҳои дастрасӣ

Модари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров даргузаштааст


Модари Муҳаммадрӯзи Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби Демократи Тоҷикистон, дар синни 88- солагӣ даргузаштааст. Ба гузориши хабаргузории “Азия Плюс” Қутбия Тошева, баъди бемории тӯлонӣ рӯзи шанбе 21 январ даргузаштааст ва ӯро дар зодгоҳаш дар ноҳияи Тоҷикобод дафн кардаанд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро иҷоза надодаанд, дар маросими дафн ширкат кунад ва ба гуфтаи писараш Фирӯз ӯ аз даргузашти модараш бисёр азият мекашад. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократ ва мудири собиқи ширкати давлатии “Тоҷикгаз-“ро соли 2005 аз ҷумла бо гуноҳи терроризм ва сӯистифода аз мақом ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Аммо Искандаров худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG