Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Муҳоҷирати ғайриқонунӣ тамом хоҳад шуд"


Владимир Путин, нахуствазири Русия, қавл додааст, ки дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳур ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ поён хоҳад дод. Дар мақолае дар торнамои тарғиботии хеш, Владимир Путин хостааст, то қонунҳои муҳоҷират дар Русия сахттар шавад. Айни замон ӯ аз авҷ гирифтани миллатгароӣ дар Русия интиқод карда ва ҳушдор додааст, ки фаъолияти аҳзоби миллатгароро мамнӯъ хоҳад кард. Ба гуфтаи Владимир Путин дар аҳди ӯ, қонунҳои муҳоҷират сатхтар мешаванд ва ҳар касе, ки барои кор ба Русия меояд, бояд аз забону таърих ва адабиёти рус имтиҳон супорад. Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва аксарияти муҳоҷирони тоҷик дар онҷо ғайриқонунӣ кор мекунанд. Мақолаи мазкур бахше аз маъракаи тарғиботии Владимир Путин аст, ки ба эҳтимоли ғолиб баъди интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи 4 март, дигарбора ба қудрат бармегардад.
XS
SM
MD
LG