Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Суғд як сокини ноҳияи Истаравшанро дар қатли саррофи маҳаллӣ ва ҳамсараш гунаҳкор донист ва ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҳайати сайёри додгоҳи вилояти Суғд дар толори додгоҳи Истаравшан Фахриддин Мирбобоев, сокини ин шаҳрро мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои куштор ва роҳзанӣ айбдор донист. Бино ба қарори додгоҳ ҷаноби Мирбобоев ба ҳабси якумра маҳкум шуда, амволи ӯ низ мусодира гардид.

Ёдовар мешавем, қатли саррофи 36-солаи истаравшанӣ -- Шӯҳрат Ҷалолов ва ҳамсари ӯ шаби 22-юми августи соли 2011 рух дода буд.

Ба гуфтаи додгоҳ, Фахриддин Мирбобоев ва Мирзо Олимов, корманди дӯкони дигари саррофӣ дар Истаравшан ба манзили Ҷалоловҳо даромада, зану шавҳарро бо захмҳои корд ба ҳалокат расониданд ва 28 ҳазор сомонӣ маблағи онҳоро ба яғмо бурданд.

Шариф Назаров

Шариф Назаров

Шариф Назаров, сардори Идораи корҳои дохилаи Суғд инро "ҷинояти аз ҳама пуровоза" дар соли гузашта дар минтақа номида гуфт, "вижагии ин куштор дар он буд, ки ҷинояткорон ҳеҷ нишону изе ва шоҳиде аз худ дар ҷойи ҳодиса нагузошта набуданд. Аммо новобаста ба ин, дар натиҷаи кори шабонарӯзӣ дар тӯли беш аз 20 рӯз ошкор ва яке аз содиркардагон, Фахриддин Мирбобоев дастгир карда шуд. Аммо шарики ӯ, Мирзо Олимов бо шунидани ин хабар худкушӣ кардааст."

Куштори Шӯҳрат Ҷалолов ва ҳамсараш яке аз ду ҷинояти саррофон дар соли гузашта дар вилояти Суғд аст.

Шоми 28-уми декабр низ ду саррофи хуҷандӣ, падару писар: Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо дар назди манзили зисташон, маҳаллаи "Чоршанбебозор" аз сӯи афроди номаълум ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Ба таҳқиқи ин ҷиноят ва ҷустуҷӯи қотил як гурӯҳи махсус, иборат аз кормандони интизомиву додситонӣ машғул аст.

Ба гуфтаи генерал Назаров, омилони эҳтимолии ин куштор маълум шуда, таҳти пайгард қарор доранд. Ӯ афзуд, дар соли гузаштаи 2011 дар вилояти Суғд 41 ҷинояти қатлу куштори одамон содир шуда, ҳамаи он ошкор ва гумонбарон ба додгоҳ кашида шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG