Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримот алайҳи Эронро васеътар мекунад


Қарор аст, имрӯз Иттиҳодияи Аврупо таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эронро васеътар кунад. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, интизор меравад, вазирони умури хориҷии иттиҳодия бар сари таҳрими воридоти нафти Эрон ва муомила бо Бонки Миллии Эрон ба созиш бирасанд. Ҳафтаи гузашта Алан Жупе, вазири умури хориҷии Фаронса, гуфт, ин таҳримот беҳтарин шева ба ҷойи “роҳи низомӣ” аст. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ҳафтаи гузашта гуфтанд, ба Эрон ҳарчӣ бештар фишор меоранд, то ба музокирот дар бораи барномаҳои атомии худ баргардад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, Эрон бо идомаи талошҳо барои сохти бомби атомӣ, “ба самти хатарноке” ҳаракат мекунад.
XS
SM
MD
LG