Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия барномаи сулҳи Иттиҳодияи Арабро рад кард


Ҳукумати Сурия барномаи нави Иттиҳодияи Араб барои барқарории субот дар он кишварро рад кард. Телевизиони давлатии Сурия гуфт, ин барнома як дасиса алайҳи мардуми ин кишвар аст. Бар асоси ин барнома, ки вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Араб рӯзи якшанбе дар Қоҳира бар сари он мувофиқат карданд, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бояд ҳукуматро ба муовинаш вогузор кунад ва бо таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ, интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳур баргузор намояд. Иттиҳодияи Араб мегӯяд, ки ин барномаро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод хоҳад кард. Пештар аз ин Арабистони Саудӣ гуфт, ки нозиронашро аз Сурия берун мекашад, зеро ин кишвар ҳеҷ банде аз барномаи сулҳи он иттиҳодияро иҷро накардааст. Созмони Милал мегӯяд, дар қиёмҳои мардумӣ алайҳи ҳукумати Башшор Асад, аз моҳи марти соли гузашта то кунун бештар аз 5 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG