Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум: Дар Чормағзак дармондаем. Мақомот: Роҳ боз аст


Вазоратҳои умури дохилӣ ва нақлиёт банд мондани мошинҳои зиёд дар ағбаи Чормағзакро рад карданд.

Аммо бархе аз сокинон, аз ҷумла сардабири нашрияи "СССР" Сайёфи Мизроб, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ҳам аз ду тарафи гардана ё ағбаи Чормағзак садҳо мошин банд мондаанд.

Сайёфи Мизроб гуфт, онҳо субҳи дирӯз (22 январ) ба сӯи ағбаи Чормағзак рафтанд, вале то шом натавонистанд, ки аз ин роҳ убур кунанд.

Сардабири нашрияи "СССР" афзуд, дар ағбаи Чормағзак ягон корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (МЧС)-ро надидааст, ки машғули тоза кардани роҳ бошанд. "Ба ҷуз ду-се корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, ки ҳалолашон бод, каси дигаре набуд",-илова кард ӯ.

Аз банд мондани мошинҳои зиёд дар ағбаи Чормағзак як рӯз қабл хонандае бо ирсоли нома ба мо хабар дода буд. Ӯ дар номаи худ ба "Озодӣ" навиштааст, ки "дар ағбаи Чормағзак 2 ҳазор мошин дармондааст. Одамонро сармо зад. Кӯмак кунед. Ба ҳукумат расонед."

Вақте дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ пурсидем, гуфтанд, ки ба ин суол бояд Вазорати корҳои дохила, ки БДА як ҷузъи он аст, посух бигӯяд.

Вазоратҳои корҳои дохила ва нақлиёти Тоҷикистон бошанд, банд мондани садҳо мошин дар ағбаи Чормағзакро рад мекунанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, "дар ҳақиқат, роҳи Душанбе-Кӯлоб тариқи Чормағзак сербарфу туман аст ва дар муқоиса бо дигар роҳҳо рафтуомадро мушкил кардааст."

Аммо ба гуфтаи ӯ, дар пайи иқдомоти пулиси роҳ (БДА) ва кормандони вазорати нақлиёт ин роҳ фаъол шуда, дар ҳоли ҳозир мошинҳо дар ҳаракатанд.

Владамир Багуманов, як масъули вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ гуфт, тамоми роҳҳои иртиботӣ дар кишвар боз буда, барои таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт омодаанд.
XS
SM
MD
LG