Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди Аврупо фишорро ба Эрон бештар мекунад


Иттиҳоди Аврупо, қарор аст, имрӯз таҳримҳои худро зидди Эрон тақвияти бештар диҳад. Бино ба гузориши хабарнигори мо, вазирони умури хориҷии иттиҳод зидди нафти Эрон ва Бонки марказии он таҳрим эълон хоҳанд кард. Вазири умури хориҷии Фаронса, Алайн Жупе ҳафтаи гузашта гуфт, таҳримҳо беҳтарин василаи гурез аз “ҳалли низомӣ”-и масъала аст. Рӯзи ҷумъа қудратҳои ҷаҳонӣ аз Теҳрон хостанд, паси мизи гуфтушунид баргардад. Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Эрон бо дунбол кардани барномаи силоҳи ҳастаӣ дар “пайроҳаи хатарноке” пеш меравад.
XS
SM
MD
LG