Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: "Баҳори Араб", ҳуқуқи инсон ва исломи сиёсӣ


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) имсол гузориши солонаашро дар Қоҳира муаррифӣ намуд.

Интихоби Қоҳира ба ҳайси маҳалли муаррифии гузориши нави Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) на танҳо рамзи таваҷҷӯҳ ба Баҳори Араб буд, балки, бахши аслии пажӯҳиши созмонро ин бор пайомадҳои инқилобу ошӯбҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ташкил додаанд. Албатта, дар як саф бо таҳқиқи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои дигар. Инак, нуктаҳое аз ин гузориш.

ҲИЗБИ ИСЛОМӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Human Rights Watch мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бар ҳароси худ аз исломи сиёсӣ дар Ховари Миёна пирӯз гардад. Ин ниҳод меафзояд, рад кардани ҳизбҳои афзоянда ва миёни мардум маҳбуби исломгаро дар минтақа коре хоҳад буд зидди усули демократӣ.

Кеннет Рос, мудири иҷроии Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт: “пазириши ҳизбҳои исломӣ ба маънои радди ҳуқуқи инсон нест, балки ба маънои парвариши он аносири исломи сиёсист, ки ба ҳуқуқ эҳтиром мегузоранд.” Ҳамзамон дар робита ба муносибати худи ин аҳзоб бо ҷомеаи маданӣ ҷаноби Рос гуфт, агар онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсиро мехоҳанд, бояд бидонанд, ки ин мафҳумҳо том ва тавъаманд ва ҳуқуқи инсон на танҳо барои он даркор аст, ки дар интихоботи пирӯз шаведу ба ҳукумат ва порлумон роҳ ёбед. Вай афзуд: “Ҳифзи озодиҳои сиёсӣ кори хеле мушкил хоҳад буд, агар ҳамзамон шумо ба озодиҳои мазҳабӣ ё ҳуқуқи занон арҷ намегузоред. Шумо наметавонед, озодиеро барои худ интихоб кунед ва озодиҳои дигарро баҳам занед.”

Рос гуфт, равандҳои сиёсӣ дар Мисри баъд аз инқилоб барои “Ихвон-ул-муслимин” як давраи имтиҳони ҷиддииро пеш овардааст. Таври маълум ин ҳизб, ки мояи ҳароси бисёриҳост, дар интихоботи Миср пирӯз гашта ва дар канори он ҳизби салафии "Нур" низ курсиҳоеро дар порлумон ба даст овардааст.

АФҒОНИСТОН ВА ИРОҚИ БАЪДИҶАНГӢ

Human Rights Watch мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон “комилан зери соя”-и омодагиҳо ба хуруҷи нерӯҳои байнулмилал қарор ёфта, талошҳои НАТО ба омӯзониши нерӯҳои полиси иборат аз 134 000 ва артиши иборат аз 171 600 сарбоз бо “мушкили ҷиддӣ” рӯбарӯст. Созмон ба камғизоӣ, вуруди ошӯбгарон, бесаводӣ ва бадрафториҳои ҷиддӣ дар байни сарбозон ишора кардааст. Дар натиҷа, полис ва нерӯҳои амнияти маҳаллӣ ба куштор, одамрабоӣ, рейдҳои ғайриқонунӣ ва латукӯби одамон машғуланд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, ҷомеаи афғон ҳамоно ба мухторияти занон ва талоши онҳо ба муқовимат бо издивоҷи иҷборӣ “нигоҳи хасмона” дорад. Муаллифони гузориш инчунин аз эҳтимоли коҳиши сармоягузорӣ ва кӯмакҳои молии ҷомеаи ҷаҳонӣ пас аз хуруҷи нерӯҳо дар соли 2014 изҳори нигаронӣ кардаанд.

Human Rights Watch ҳамчунин ҳушдор дод, ки бо вуҷуди ваъдаҳои Амрико барои пуштибонӣ аз тағйироти демократӣ дар Ироқ ин кишвари Ховари Миёна метавонад ба як давлати худкома табдил шавад. Дар гузориш гуфта шудааст, ки соли гузашта мақомоти Бағдод аз роҳи тарс додан ва латукӯбу боздошти фаъолон, намоишгарон ва хабарнигорон ҳуқуқи шаҳрвандон барои озодии баён, ҷамъомад ва ташкилотро поймол карданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар бораи ошкор шудани маҳбасҳои махфии зери назорати ҳукумат хабар дода, гуфтаанд, ки маҳбусон дар онҳо зери шиканҷаанд.

АЛОМАТҲОИ БАҲОРИ РУСИЯ?

Дар як банди умдаи гузоиши солонааш Human Rights Watch мақомоти Русияро барои маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ ва ҳамчунин эҷоди монеъа дар кори ҳомиёни ҳуқуқи башар танқид кардааст. Дар гузориш гуфта шудааст, ки тасмими Владимир Путин ба ширкати дубора дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба дурнамои ислоҳоти зарурии сиёсӣ дар Русия соя меандозад.

Дар гузориш ба тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботи ахири парлумонӣ ишора нашудааст ва аммо гуфта шудааст, ки Кремл ба ширкати нерӯҳои мустақили сиёсӣ дар ин маърака роҳ надод ва аз сабти номи чанд ҳизбу созмони сиёсӣ, аз ҷумла, Ҳизби озодиҳои мардумӣ, “Русия дигар”, “Рот-Фронт” сарпечӣ кард. Дар гузориш ҳамчунин далелҳои фаровони нақзи ҳуқуқи башар дар минтақаи Қафқози Шимолӣ ва маҳдудияти озодии баёну ҳамоишҳо дар Русия оварда шудааст.

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ТАНҚИД. ИН БОР БЕШТАР

Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро Human Rights Watch нигаронкунанда номида, пеш аз ҳама қонуни нави масъулияти волидайнро мояи маҳдуд шудани озодиҳои динӣ ва ҳуқуқ ба омӯзиш хондааст. Ин қонун аз падару модарон талаб мекунад, аз ширкати фарзандонашон дар фаъолиятҳои динӣ пешгирӣ кунанд. Таълими динӣ акнун зери назорати шадиди ҳукумат қарор гирифтааст. Дар гузориш гуфта мешавад, Тоҷикистон ба танқидҳои зиёде, ки аз тарафи шаҳрвандон, созмонҳои маданӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон садо дод, эътиное накард. Бо баҳонаи мубориза зидди тундгароӣ Тоҷикистон чандин гурӯҳи исломиро манъ кардааст. Як гурӯҳи масеҳии Шоҳидони Яҳво низ мамнӯъ буда, аз ҳабс ва ҳукмҳои дарозмуддати гумонбаршудагони ҳамдастӣ бо Ҳизби Таҳрир ва Ҷамоаи Таблиғ хабар мерасад.

Human Rights Watch инчунин шиканҷаро дар Тоҷикистон як мушкили ҷиддӣ шумурда, маълумотеро дар бораи баъд аз боздошт аз тарафи маъмурони милиса ба ҳалокат расидани Исмоил Бачаҷонов, Сафаралӣ Сангов ва Бахромиддина Шодиев нашр кардааст. Инчунин гуфта мешавад, судя ё додрас ба шикояти Илҳом Исмонови боздошта дар бораи шиканҷа аҳамият надодааст.

Парвандаҳои зидди нашрияҳои мустақил ва ҳабсу муҳокимаи хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов ва "Нури зиндагӣ" Муҳамадюсуф Исмоилов ва латукӯби сардабири "Наҷот" Ҳикматулло Сайфуллозода аз тарафи созмон намунаҳои фишор ба матбуот ва озодии баён дониста шудаанд. Human Rights Watch ба вазъи занон дар Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ карда, аз нобаробарии ҷинсӣ ва хушунати хонаводагӣ ёдрас шудааст.

XS
SM
MD
LG