Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Лигаи Араб барои ҳалли низои Сурия


Лигаи Араб нақшаи наверо барои Сурия ба тавсиб расонд. Бино бар он раисиҷумҳур Башор Асад ҳокимиятро ба муовинаш медиҳад ва пеш аз баргузории интихоботҳои нави порлумонию президентӣ ҳукумати ваҳдати миллиро ташкил мекунад. Ин тарҳро вазирони умури хориҷии Лигаи Араб дар ҳамоише дар Қоҳира рӯзи якшанбе маъқул донистанд. Лигаи Араб мегӯяд, ин тарҳро барои дарёфти ҳимоят ба Созмони Милал пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG