Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе ва Кӯлоб барф меборад


Осмон бар фарози қариб ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон имрӯз пурабр буда, дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Истаравшан барф меборад. Шиддати барф дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа камтар аст. Ҳаво дар мавзеъҳои ҳамвори кишвар 3 то 5 ва дар кӯҳсорон то 10 дараҷа сард мешавад. Дар Истаравшан сардӣ ба 7 ва дар Хоруғ ба 9 дараҷа мерасад. Рутубати ҳаво дар аксари манотиқи кишвар баланд буда, 85 то 98 дарсадро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG