Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз Лигаи кишварҳои араб мандати ҳайати нозиронаш дар Сурияро барои як моҳ тамдид кард. Дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Қоҳира тасмим гирифта шуд, ки теъдоди нозирон афзоиш ёбад ва онҳо аз ваколатҳои бештар бархурдор шаванд.

Бархе аз фаъолони мухолифини Сурия хостори аз кишвар берун кардани нозирони араб шудаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, нозирон натавонистанд ба хатми хунрезӣ дар Сурия мусоидат кунанд. Онҳо аз Лигаи кишварҳои араб даъват карданд, ки мавзӯъи авзоъ дар Сурияро барои баррасӣ дар Шӯрои амнияти СММ пешниҳод намояд.

Ба иттилои СММ, тайи даҳ моҳи нооромиҳо дар Сурия беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG