Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Қирғизистон қасд дорад, ки барои раҳоии Тоҷикистон аз муҳосираи иртиботӣ кӯмак намояд.

Ба ин манзур вазорати роҳ ва мухобирот (алоқа)-и ин кишвар пешниҳод кардааст, то роҳи мошингарди Исфана-Хуҷандро дар қисмати шимоли Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Як манбаъ дар вазорати нақлиёти Қирғизистон ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, айни замон тарҳи сохтмони ин роҳ барои баррасӣ ба Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд пешниҳод шудааст.

Ин манбаъ афзудааст, Тоҷикистон дар ҳамлу нақли молу коло ба Қазоқистон ва Русия тавассути қаламрави Узбакистон дучори мушкил шудааст ва фаъол кардани роҳи Исфана-Хуҷанд шиддати ин фишорро коҳиш хоҳад дод.

Дар зимн, мушкилоти транзити молу коло аз қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон як масъалаи ҳалношуда миёни ин ду кишвар боқӣ монда ва ҳамасола Душанбе аз маҳдудиятҳои эҷодкардаи ҳамсояи худ дар ин самт зиён мебинад. Аз ин ҷост, ки бештари коршиносон ва мутахассисони тоҷик аз ин пешниҳоди Қирғизистон ҷонибдорӣ карда, онро барои иқтисоди кишвар боаҳамият арзёбӣ мекунанд.

Давлати Усмон

Давлати Усмон

Давлати Усмон, вазири пешини иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, албатта, ин пешниҳод бештар бо назардошти манфиати худи қирғизҳо матраҳ шудааст. Вале аз он ки маълум нест равобити Тоҷикистон бо Узбакистон дар чи замоне беҳбуд меёбад, дастгирии ин барнома ва ширкат дар иҷрои он Тоҷикистонро то ҳадде аз бунбасти иртиботӣ берун меоварад.

Манобеи вазорати нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон гуфтаанд, фаъолсозии ин қисмат аз роҳ миёни ин ду кишвар имкон медиҳад, ки ҳаҷми боркашонӣ аз Тоҷикистон тавассути шоҳроҳи Уш-Боткан-Исфана афзоиш пайдо кунад.



Бӯрӣ Каримов, роҳбари котиботи Шӯрои роҳсозони Кишварҳои Муштаракулманофеъ низ гуфт, нақшаи ба истифода додани роҳи Исфана-Хуҷанд дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз чандест, ки миёни коршиносон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов

Ҷаноби Каримов афзуд, ин ду кишвари кӯҳистонии Осиёи Марказӣ дар бисёре аз масоил, аз ҷумла истифода аз захоири об ва транзити коло тавассути қаламрави кишвари ҳамсоя мушкилоти муштарак доранд. Аз ин ҷиҳат, тасмимгириҳо ва барномарезиҳои муштарак метавонад барои кам кардани ин мушкилот мусоидат намояд.

Тибқи иттилоои вазорати нақлиёти Қирғизистон масоҳати умумии роҳи Исфана-Хуҷанд 50 километр, аз ҷумла то марзи Тоҷикистон 30 километрро ташкил медиҳад.

Коршиносону таҳлилгарон мегӯянд, фишорҳои пайвастаи ҷониби Узбакистон мақомоти тоҷикро водор кардааст, то роҳҳои алтернативии берун омадан аз муҳосираи эълоннашудаи иртиботиро пайдо кунанд. Истифодаи роҳҳои мошингард ба самти Афғонистону Чин ва аз ин тариқ пайвастан ба кишварҳои дигари минтақа аз барномаҳои ахири Тоҷикистон дар ин самт арзёбӣ мешавад.

Вале бо ин ҳама таҳлилгарон бар ин нукта низ ишора мекунанд, ки дар шароити феълӣ беҳтарин гузина ба Тоҷикистон ёфтани забони муштарак бо Узбакистони ҳамсоя аст. Зеро танҳо роҳи арзони мавҷуда, яъне роҳи оҳан тавассути ин кишвар мегузарад ва аз сӯи дигар табодули молу коло умдатан бо Русия ва Қазоқистон сурат мегирад, ки боз ҳам водор месозад рӯ ба роҳи оҳани Узбакистон овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG