Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии эронӣ то Бандар Аббос нарасид


Дар соҳилҳои ҷанубии Эрон як киштии боркаш ғарқ шуд ва ба асари ин 17 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои хабаргузориии ИРНА аз 20 мусофир ва ду узви экипаӣ фақат панҷ нафар ҷон ба саломат бурданд.

Киштӣ дар Халиҷи Форс аз ҷазираи Ҳурмузд ба Бандар Аббос ҳаракат мекард. Хабар дода мешавад, ки капитани киштӣ боздошт шудааст. Ӯ дар он айбдор мешавад, ки ҳушдор дар бораи ҳавои номусоидро сарфи назар кардааст.
XS
SM
MD
LG