Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Хорватия барои пайвастан ба ИА раъй медиҳад


Имрӯз дар Хорватия раъпурсӣ оид ба вуруди кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2013 мегузарад. Бар пояи пурсиши афкори умум, бештари мардум аз пайвастани кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунад.

Бо вуҷуди ин, рӯзи шанбе тақрибан ҳазор нафар миллатгароҳо дар пойтахт - шаҳри Загреб алайҳи вуруди кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо намоиши эътирозӣ доир карданд. Дар бархӯрд бо полис чанд нафар ҷароҳат бардошта, се кас боздошт шуданд.

Соли гузашта Хорватия созиш дар мавриди вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи июли соли 2013-ро имзо карда буд.
XS
SM
MD
LG