Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мавзӯъи тамдиди мандати нозирони араб дар Сурия


Имрӯз Лигаи кишварҳои араб, тавре интизор меравад, мандати ҳайати нозиронаш дар Сурияро тамдид хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки ҳамаи 165 нозир аз ваколатҳои бештар бархурдор хоҳанд шуд.

Дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Қоҳира гузориши нозирон, ки тайи як моҳ дар мавзеъҳои гуногуни Сурия кор карданд, баррасӣ ва ба думболи он дар мавриди тамдиди мӯҳлати фаъолияти ҳайати нозирон тасмим гирифта мешавад

Ба гуфтаи коршиносон, нозирон натавонистанд рисолати худро иҷро кунанд, зеро ба онҳо мусоидат ба хатми хунрезӣ дар Сурия муяссар нашудааст. Ба иттилои СММ, тайи даҳ моҳи нооромиҳо дар Сурия беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Шаби гузашта ҷонибдорони мусаллаҳи мухолифини ҳукумати Башор Асад шаҳри Дума. воқеъ дар 20 километрии шимолу шарқи Димишқро, таҳти назорат қарор доданд.
XS
SM
MD
LG