Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Араб: Асад ҳукуматро ба ноибаш супорад


Дар акс: Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад
Дар акс: Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад

Лигаи кишварҳои араб нақшаи наверо барои Сурия ба тасвиб расонд.

Бино бар он раисиҷумҳур Башор Асад ҳокимиятро ба муовинаш медиҳад ва пеш аз баргузории интихоботҳои нави порлумонию президентӣ ҳукумати ваҳдати миллиро ташкил мекунад.

Ин тарҳро вазирони умури хориҷии Лигаи Араб дар ҳамоише дар Қоҳира рӯзи якшанбе маъқул донистанд. Лигаи Араб мегӯяд, ин тарҳро барои дарёфти ҳимоят ба Созмони Милал пешниҳод хоҳад кард.

Лигаи кишварҳои араб инчунин мандати ҳайати нозиронаш дар Сурияро барои як моҳ тамдид кард. Дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Қоҳира тасмим гирифта шуд, ки теъдоди нозирон афзоиш ёбад ва онҳо аз ваколатҳои бештар бархурдор шаванд.

Бархе аз фаъолони мухолифини Сурия хостори аз кишвар берун кардани нозирони араб шудаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, нозирон натавонистанд ба хатми хунрезӣ дар Сурия мусоидат кунанд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди ҳузури нозирон хушунату хунрезӣ дар Сурия идома дорад. Рӯзи шанбе бар асари таркиш дар вилояти Идлиб ба камияш 11 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои хабаргузории расмии САНА, мошини пулис бо маҳбусон ба минаи рӯи роҳ бархӯрдааст. Дар ин ҳодиса 26 нафар захмӣ шудаанд. Таркиш ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз шурӯи нишасти вазирони умури хориҷии Лигаи кишварҳои араб ба вуқӯъ пайваст.

Нозирони Лигаи кишварҳои араб дар Сурия
Нозирони Лигаи кишварҳои араб дар Сурия
Фақат дар даҳ рӯзи ҳузури нозирони арабӣ, ба иттилои намояндагони Шӯрои амнияти СММ, дар Сурия тақрибан 400 нафар ҷон бохтанд.

Адами амният мақомоти Иёлоти Муттаҳидаро маҷбур сохтааст, ки мавзӯи бастани сафорати кишвар дар Димишқро баррасӣ кунанд. Ба иттилои Кохи Сафед, онҳо ҳам бо мақомоти Сурия ва ҳам бо намояндагони Бритониё ва Чин, ки сафораташон дар канори сафорати Амрико воқеъ аст, музокирот мекунанд.

Ҳамзамон дигар роҳҳои хатми хушунат дар Сурия ҳам пешниҳод мешавад. Ҳафтаи гузашта амири Қатар шайх Ҳамад бини Халиф ал-Танӣ изҳор намуд, ки бояд дар Сурия низомиёни кишварҳои арабӣ мустақар шаванд ва ба хунрезиҳо хотима гузоранд. Аммо Димишқ ин пешниҳодро қатъӣ рад кард. Вазорати умури хориҷии Сурия изҳор намуд, ки ин иқдом боиси амиқрафти бӯҳрон шуда, роҳро барои таҷовузи нерӯҳои хориҷӣ боз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз хатаре ҳушдор дод, ки метавонад ба ҷанги шаҳрвандӣ бипечад. Аз нигоҳи мусоҳиби мо, “низомиёни ба сафи мухолифин пайваста дар манотиқе мустақар мешаванд, ки бо ҳам пайванди ҷуғрофӣ надоранд ва аз ин рӯ рӯзҳои наздик мо шоҳиди кушторҳои ваҳшатнок хоҳем шуд. Аз ҷумла, дар Идлиб, артиши Сурия бо тамоми қудраташ вориди корзор шудааст ва ин аз назари ман нигаронкунанда аст ва он кобусеро, ки ҳама аз он метарсанд, яъне ҷанги дохилиро шояд доман бизанад.”

Ёдовар мешавем, ки бар асари нооромиҳои даҳ моҳи ахир бо талабаи истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад, ба иттилои СММ, беш аз 5 ҳазор нафар суриягиҳо ба ҳалокат расидаанд. Худи Башор Асад бошад, дар ҳаводиси кишвар нерӯҳои хориҷиро айбдор мекунад. Нерӯҳои амниятӣ ва артиши Сурия ҳам эълом доштаанд, ки аз дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи террористии зиддиҳукуматӣ тақрибан 2 ҳазор афсару сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG