Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизбҳои исломӣ дар интихоботи Миср


Дар нахустин баъд аз суқути Ҳуснӣ Муборак интихоботи парлумонии Миср ҳизби Озодӣ ва адолат, ки вобастаи ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” аст, тақрибан нисфи мандатҳоро соҳиб шуд. Ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” замони қудрати Муборак мамнӯъ эълон шуда буд.

Бар пояи натоиҷи расмии раъйдиҳӣ, ки имрӯз нашр шуд, дигар ҳизби исломӣ – Ал-Нур дар мақоми дуввум қарор дорад ва чаҳоряки курсиҳои парлумонро ишғол кардааст. Ҳизби дунявии “Вафд” дар мақоми сеюм аст.

Қарор аст, ки ҷаласаи нахустини парлумони нав рӯзи душанбе баргузор шавад. Моҳи феврал интихобот ба палатаи болои парлумон ҳам анҷом меёбад ва баъдан вакилони парлумон гурӯҳи корӣ барои таҳияи Қонуни асосии навро ташкил мекунанд. Интихоботи раисиҷумҳури Миср бояд то моҳи июни соли равон доир шавад. То он замон қудрат дар кишвар дар дасти Шӯрои олии низомӣ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG