Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 120 нафар бар асари таркишҳо дар Кано


Шумораи қурбониёни таркишҳо дар шаҳри Кано, воқеъ дар шимоли Нигерия, афзоиш ёфт ва, ба иттилои табибони маҳаллӣ, ба 120 нафар расид. Таркишҳо дар ин шаҳр шоми рӯзи ҷумъа рӯй доданд ва асосан қароргоҳҳои полис ва хадамоти маҳлалии амниятӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ба гуфтаи шоҳидон дар шаҳр дасти кам 20 таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар задухӯрд бо ҳамлагарон беш аз 10 корманди полис ҳам кушта шуданд.

Дар шаҳри Кано қуюди шабгардӣ эълон шуд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи исломии Бока Ҳаром бар дӯш гирифт ва гуфт, ки таркишҳо интиқом барои боздошти фаъолони гурӯҳ аз сши ҳукумат аст.
XS
SM
MD
LG