Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат ба мақомоти давлатӣ дастур дод, ки дигар ба ӯ «хушомад» назананд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки «дар яке аз ҷаласаҳо пештар низ дар ин бора гуфта будам ва ҳоло бори дигар таъкид мекунам, ки ба ман хушомад назанед. Ҳама чиз маълум аст.»

Зимнан он гуна, ки худи президенти Тоҷикистон эътироф кард, чунин дастур ва ё хоҳиш аз ҷониби ӯ на як бору ду бор дода шудааст. Аммо ҳамоно хушомад, тамаллуқ ва тавсифу ситоиши беандозаи ӯ ҳам дар ҷараёни сафарҳояш ба манотиқи кишвар ва ҳам махсусан аз тариқи барномаҳои телевизионӣ ба як мусобиқа табдил шудааст.

Яъне дастури раиси ҷумҳурӣ на танҳо ба инобат гирифта намешавад, балки амдан сарфи назар мешавад. Вале касе барои рияот накардани ин дастур то ба имрӯз муҷозот нашудааст. Ба ин далел, дар миёни ақшори мухталифи ҷомеа бар самимият ва ҷиддияти сӯҳбатҳои раиси ҷумҳурӣ бо шакку шубҳа менигаранд. Бархеҳо бар ин боваранд, ки Раҳматуллоҳ Зоиров

Раҳматуллоҳ Зоиров

ин ҳама дастуру ҳушдорҳои раиси ҷумҳурӣ барои ҷилавгирӣ аз хушомад ва тавсифу ситоиши ноҷо, рӯякӣ ва як амали зоҳирӣ аст.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ва мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2003 мегӯяд, замоне, ки вай дар маъмурияти раиси ҷумҳурӣ фаъолият мекард, ҳатто як супориши катбӣ низ дода шуда буд, ки аксҳои раиси ҷумҳуриро зиёд паҳн накунанд ва низ мадҳу хушомадгӯии шахсияти ӯро қатъ кунанд. Аммо ҷаноби Зоиров мегӯяд, баръакс аксҳои раиси ҷумҳурӣ бештар шуда дар ҳар куҷо, ҳатто дар хориҷ аз утоқи ниҳодҳои давлатӣ низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ ба эътиқоди ҷаноби Зоиров, фосилаи миёни гуфтор ва рафтори раиси ҷумҳурӣ, ки аз назари мардум пинҳон намемонад, хеле калон шудааст.

Ва аммо бархе дигар соҳибназаран бар ин боваранд, ки раиси ҷумҳурӣ аз зердастони худ самимона чунин тақозоро кардааст. Зафари Мирзоиён, донишманди тоҷик мегӯяд, раиси ҷумҳурӣ дар тӯли сафарҳояш дар хеле аз кишварҳои олам чунин тарзи истиқбол ва хушомаду тамаллуқи сохтаву сунъии махсусан мақомдорон аз сардори давлатро ба мушоҳида нагирифт.

Зафари Мирзоиён, донишманди тоҷик

Зафари Мирзоиён, донишманди тоҷик

Аз тарафи дигар ба эътиқоди ҷаноби Мирзоиён, гоҳо ин тавсифҳову ситоишҳо ба ҳадде аз воқеият дур аст, ки худи раиси ҷумҳурӣ низ аз шунидани онҳо нороҳат шуда ва маҷбур шудааст, бори дигар ин масъаларо дар миён бигзорад.

Ва аммо Муҳаммад Ғоиб, мудири барномаҳои шабакаи аввали телевизиони тоҷик мегӯяд, он чӣ, ки дар телевизиони тоҷик мардум аз раиси ҷумҳурӣ тамҷид ва ситоиш мекунанд, ин нишонаи эътимоду боварӣ ва самимияти мардум ба президенти кишвар аст. Оқои Ғоиб гуфт, ки вақте раиси ҷумҳурӣ ба ин ё он ҷо сафар карда ва аз пайу қадами ӯ онҷо ободӣ шудааст, мардум ситоиш мекунад.

Вале ҳамзамон мудири барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон таъкид кард, ки вобаста ба имконоти иқтисодӣ, онҳо тавонистаанд ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро инъикос намоянд.

Ба ин тартиб ситоиши ғайривоқеӣ ва тамаллуқи зиёди масъулин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дигарбора водор кардааст, ки ба ин масъалаи ба гуфтаи худи ӯ «шармовар» рӯ оварад.

Қаблан низ чунин дастурҳо аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ аз ҷумла ба ӯ ба унвони «Ҷаноби олӣ» хитоб накардан садо дода буд. Вале ин дастури президентро зердастони ӯ то ба имрӯз риоят накардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG