Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 нафар дар таркише дар даромадгоҳи Избербаш


Шахсияти ду нафаре, ки бар асари таркиши мошин дар даромадгоҳи шаҳри Избербаши Доғистон ба ҳалокат расиданд, мушаххас шуд. Ба иттилоъи раёсати маҳаллии Кумитаи тафтишоти Русия, дар ин ҳодиса бародарон Малик ва Муслим Мусоевҳо кушта шуданд, ки ҳамчунин ҷонибдорони ваҳҳобизм дар қайди мақомоти ҳифзи тартибот буданд.

Бар асари таркиш дар маҷмӯъ се нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки мошин бояд дар дохили шаҳри Избербаш инфиҷор мешуд ва аммо бо сабабҳои номаълум қабл аз вақт таркид.
XS
SM
MD
LG