Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии ИМА барои сарварии маъракаи ислоҳоти СММ


ИМА барои сарварии маърака оид ба ислоҳоти СММ омода аст. Намояндаи Амрико дар СММ оид ба масоили ислоҳот Ҷозеф Торселла изҳор намуд, Вошингтон барои ислоҳот дар сохтори интихобот ба Шӯрои Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар мубориза хоҳад бурд, то кишварҳое, ки ҳуқуқи инсонро пайваста нақз мекунанд, ба узвият муваффақ нашаванд.

Соли 2010 ҳафт кишваре, ки дар поймолсозии ҳуқуқи башар айбдор мешаванд, вз ҷумла, Либия, Ангола ва Малайзия узви Шӯрои Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар интихоб шуданд. Соли гузашта яке аз номзадҳо ба узвияти Шӯро Сурия буд ва аммо Амрико дигр кишварҳоро мутмаин сохт, ки алайҳи ин кишвар раъй диҳанд.

Ҷозеф Торселла афзуд, Амрико ҳамчунин талош дорад, ки кишварҳои поймолкунандаи қавонини байнулмилалӣ ба раҳбарии ягон органи СММ даст наёбанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG