Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жерар Лонге вориди Кобул шуд


Жерар Лонге дар Афғонистон
Жерар Лонге дар Афғонистон
Имрӯз Жерар Лонге, вазири дифои Фаронса бо мақомоти Афғонистон музокирот анҷом медиҳад. Як рӯз пеш Порис, баъд аз куштори чаҳор сарбози фаронсавӣ аз сӯи як сарбози афғон, эълом дошт, ки нерӯҳояшро қабл аз вақт аз Афғонистон берун мекунад.

Баъди вуруд бо Кобул Жерар Лонге бо 12 нафари бар асари ин ҳамла захмбардошта мулоқот кард. Қарор аст, ки давоми рӯз ӯ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, дигар мақомоти давлатӣ ва низомиёни баландпояи НАТО дидору гуфтугӯ кунад.

Шурӯъ аз соли 2001 дар Афғонистон беш аз 80 афсару сарбози фаронсавӣ кушта шуданд. Айни ҳол дар Афғонистон 3600 низомӣ аз ин кишвар мустақаранд ва қарор буд, ки охири соли 2014 ба ватан баргарданд.
XS
SM
MD
LG