Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи 26 парванда алайҳи тақаллуб дар интихобот ба Дума


Владимир Маркин

Владимир Маркин

Мақомоти тафтишотии Русия аризаҳо оид ба қонуншиканиҳо дар интихобот ба Думаи давлатиро тафтиш мекунанд.

Намояндаи расмии Кумитаи тафтишот Владимир Маркин ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки дар робита ба тақаллуби асноди интихоботӣ ва натиҷаҳои овоздиҳӣ 26 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ӯ афзуд, ки дар робита ба тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихобот ба Кумитаи тафтишот беш аз 350 аризаи шаҳрвандон расидааст. То имрӯз 158-тои онҳо баррасӣ шудаанд. Шаҳрвандон асосан аз андохтани баргаҳои изофии раъйдиҳӣ, пардохти маблағ барои раъйҳо ва маҷбурсозӣ барои овоздиҳӣ норозиянд.

Ба гуфтаи Владимир Маркин, мардум аз болои ҳамаи чаҳор ҳизби парлумонӣ шикоят намудаанд.
XS
SM
MD
LG