Пайвандҳои дастрасӣ

Чин хостори бозгашти Эрон сари мизи музокирот шуд


Муассисаи ҳастаии Эрон дар Натанз

Муассисаи ҳастаии Эрон дар Натанз

Чин аз Эрон даъват намуд, ки сари музокирот оид ба барномаи ҳастаияш баргардад.

Ёвари вазири умури хориҷии ин кишвар У Хайлун дар мулоқот бо ҳайати эронӣ таҳти сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти миллии кишвар Алӣ Боқирӣ изҳор намуд, ки беҳтар аст мушкили барномаи ҳастаии Эрон на аз роҳи таҳриму дахолати низомӣ, балки аз роҳи музокирот ҳаллу фасл шавад.

Аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико низ, ҳамин гуна изҳорот пахш карда буд. Ба гуфтаи ӯ, ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостори самимияти Теҳрон дар изҳоротҳояш ва мунтазири бозгашти Теҳрон сари мизи музокирот аст.

Дар ҳамин ҳол Конгресси ИМА тарҳи қонунеро баррасӣ мекунад, ки бар пояи он бонкҳои хориҷие, ки ҳамкорӣ бо Бонки марказии Эронро қатъ накардаанд, ҳадафи таҳрим қарор мегиранд. Амрико ва ҳампаймонҳояш Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG