Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳе аз афсарони нерӯҳои марзбонӣ дар мавзеъи Автирхами ноҳияи Шӯрообод дар чанголи барфу сардӣ мондаанд.

Бинобар резиши барфи зиёд, ки ба гуфтаи сокинон беш аз як метрро ташкил медиҳад, роҳ комилан ба ин мавзеи дурдасти марзӣ баста шудааст ва ба ҳеҷ роҳе намешавад ба он ҷо рафт.

Худойбердӣ Алиев, муовини сардори қисми марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ин афсарон пеш аз таҷлили Соли нави милодӣ ба ин мавзеъ сафари хидматӣ карда буданд ва бояд дар ҳафтаи гузашта бармегаштанд.Талошҳо барои боз кардани роҳ тариқи тракторҳо бенатиҷа анҷом ёфтааст ва ҳатто барои сарбозону афсарони пиёдаву аспсавор имкони рафтан ба ин мавзеъ барои кӯмак ба афсарон дар як ҳафтаи охир муяссар нашудааст.

Ҷаноби Алиев мегӯяд, бо афсарони дар бандмонда иртиботи ҳамешагии телефонӣ доранд ва ҳолу аҳволи онҳо хуб аст: «Инҳоро барои пурқувват кардани дидбонгоҳҳои марзӣ мо пеш аз Соли Нав равон карда будем. Дигар барф Худойбердӣ Алиев, муовини сардори қисми марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Шӯрообод

Худойбердӣ Алиев, муовини сардори қисми марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Шӯрообод

зад ва роҳҳо маҳкам шуданд ва мо онҳоро гирифта натавонистем. Ҳозир онҳо ягон мушкилот надоранд. Движоки барқӣ доранд, бо хӯрокаи шаш моҳа низ таъминанд. Лекин мӯҳлати дар он ҷо истодани онҳо тамом шудааст ва бояд баргардонида шаванд. Ин мавзеъ минтақаи душворназорат ва мушкилгузар аст.»

Ба қавли масъулин, ҳоло ягона роҳи наҷоти афсарони дар бандмонда, даъват намудани чархбол аст, зеро дигар бо роҳҳои заминӣ намешавад, онҳоро наҷот дод. Алиев мегӯяд, «ҳоло масъалаи чархбол низ баррасӣ мешавад ва умед доранд, ки дар рӯзҳои наздик ба кӯмаки ин афсарон чархбол даъват карда мешавад.»

Афсарони марзбон дар минтақае дармондаанд, ки мушкилназорат аст. Ин минтақа беш аз 35 ҳазор гектарро ташкил дода, дар бархе маворид таҳти контроли қочоқбарони афғон мемонад ва ҳамасола барои поккории ин мавзеъ аз қочоқбарони афғон амалиёт гузаронида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод аз афсарону сарбозони ин ноҳия барои ҳимояи марз ситоиш кард: «Ҳар як марзбони ин ноҳия қаҳрамон аст, ки бо мушкилот нигоҳ накарда, ба ватан хидмат мекунанд.»

Тибқи иттилои додситонии низомии минтақаи Кӯлоб, соли гузашта дар марзи ноҳияи Шӯрообод ҳангоми задухӯрдҳо бо қочоқчиён, 7 сарбозу афсари марзбон ҷон бохтаанд. Шаш тан аз сокинони ин ноҳияро соли гузашта қочоқчиён ба гарав бурда буданд, ки то кунун ҳамаи онҳо озод шудаанд

Шӯрообод, дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 150 километр бо давлати исломии Афғонистон хати марз дорад. Ин хати марз, бо сабаби кӯҳу чангалу ғорҳои касногузар доштан аз мушкилназораттарин минтақаи марзии Тоҷикистон дониста мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG