Пайвандҳои дастрасӣ

"Газпром": Сохтмони лулаи ҷануб моҳи декабр оғоз мешавад


Ширкати “Газпром”-и Русия гуфт, кишвараш сохтмони лулаи гази самти ҷанубро дар охири ҳамин сол оғоз мекунад. Ин ширкат эъломияеро дар сомонаи интернетии худ бо машварати нахуствазир Владимир Путин ба табъ расондааст. Путин машварат додааст, тибқи нақшаи нави ба тасвиб расида сохтмони лулаи газ на дар соли 2013, балки дар моҳи декабри соли 2012 оғоз шавад. Тибқи нақша, лулаи самти ҷануб соле 63 миллиард метри муккааб газ ба кишварҳои аврупоӣ интиқол медиҳад. Арзиши тақрибии сохтмони ин лула 20 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Лула аз бистари Баҳри Сиёҳ ба соҳили Булғористон мегузарад ва сипас ба Австрияву Италия меравад.
XS
SM
MD
LG