Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе маркази муштараки минтақаӣ боз мешавад


Интизор меравад, ки дар оянда дар шаҳри Душанбе маркази муштараки минтақавӣ барои омода кардани амалиёти муштарак ташкил шавад. Дар ин бора генерал Рустам Назаров-раиси Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон хабар дод. Вай гуфт, ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон дар ин бора ба тавофуқ расиданд. Тоҷикистон таъйид кард, ки омода аст ба ташкили институти афсарони мухобираи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон дар Душанбеву Қурғонтеппа ва дар Кӯлоб кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG