Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин бозии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2012 бо тими Литва бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.

Ин бозӣ 20-уми январ дар маҷмааи варзишиву фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Бозии дигари гурӯҳи “С” миёни тимҳои Эрон ва Беларус низ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар ин гурӯҳ ҳарчор даста якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Инчунин дар даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “А” Русия бар Қазоқистон ва Туркманистон бар Эстония бо ҳисоби якхелаи 1:0, дар гурӯҳи “В” Латвия бар Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 ва Украина бар Молдова бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувуми Ҷоми Иттиҳод-2012 рӯзи 21-уми январ бо тими Беларус вориди рақобат мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то рӯзи 29-уми январ идома хоҳад кард.



Тақвими бозиҳо

19-уми январ


12.00. Украина – Молдова – 1:0.
14.15. Қирғизистон – Латвия – 2:3.
17.00. Русия – Қазоқистон – 1:0.
20.00. Эстония – Туркманистон – 0:1.

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон – 0:0.
15.00. Тоҷикистон – Литва – 0:0.
17.30. Қазоқистон – Туркманистон.
20.00. Русия – Эстония.

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон.
15.00. Молдова– Латвия.
17.30. Беларус – Тоҷикистон.
20.00. Эрон - Литва.

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия.
15.00. Молдова – Қирғизистон.
17.30. Қазоқистон - Эстония.
20.00. Русия – Туркманистон.

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва.
20.00. Эрон – Тоҷикистон.

24-уми январ

18.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

25-уми январ

12.30. ¼ финал.
15.00. ¼ финал.
17.30. ¼ финал.
20.00. ¼ финал.

26-уми январ

18.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

27-уми январ

12.30.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
15.00.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
17.30. 1/2 финал.
20.00. 1/2 финал.

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум.
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум.

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум.
14.15.Бозӣ барои ҷойи 5-ум.
16.30.Бозӣ барои ҷойи 3-юм.
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ.

Эзоҳ: вақти оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG