Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2012 Русия 1000 донишҷӯи тоҷикро қабул мекунад


Бино ба хабарҳои матбуот, вазорати маорифи Русия, эълон кардааст, ки дар соли 2012 барои таҳсили ройгони шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Русия ҳудуди 1000 ҷой ҷудо хоҳад кард. Соли гузашта аз ҳисоби квотае, ки Русия барои Тоҷикистон ҷудо карда буд, бештар аз 900 нафар ҷавонони тоҷикистонӣ барои таҳсил ба Русия рафтанд. Бино ба хабарҳо, Русия нисбат ба кишварҳои дигар ба Тоҷикистон бештар ҷой ҷудо кардааст. Масалан, барои Қазоқистон 100 ва барои Чин 89 ҷой муайян шудааст.
XS
SM
MD
LG