Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази вижаи эътибори Тоҷикистон ташкил мешавад


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кардааст, ки маркази вижае таъсис хоҳад дод ва ин марказ аслан барои боло бурдани эътибори муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ аз Ватан фаъолият хоҳад кард. Барои кор дар ин марказ коршиносони фарҳангӣ, барномарезон, ҷомеашиносон ва рӯзноманигорон ҷалб хоҳанд шуд. Фаъолияти ин марказро ҳукумат сармоягузорӣ мекунад. Ҳадафи марказ ин аст, ки афкори оммаро дар хориҷ аз Тоҷикистон, ба вижа дар Русия, дар бораи муҳоҷирони тоҷик ва Тоҷикистон тағир диҳад. Аммо коршиносон мегӯянд, ки барои боло бурдани эътибори шаҳрванди Тоҷикистон кор бояд аз курсии мактабӣ оғоз шавад.
XS
SM
MD
LG