Пайвандҳои дастрасӣ

Пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба $2,96 млд расидааст


Пулҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик аз хориҷ ба Тоҷикистон дар соли 2011 ба 2 миллиарду 960 миллион доллар расидааст. Дар ин бора Малоҳат Холиқзода-муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон хабар дод. Ин маблағ нисбат ба маблағи соли гузашта бештар аз 33 дарсад будааст. Ба гуфтаи Холиқзода, бештарин маблағ аз муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2008, яъне пеш аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ворид шуда буд ва он 2,5 миллиард долларро ташкил медод. Он вақт ин 2,5 миллиард доллар 49 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил дода буд.
XS
SM
MD
LG