Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайатҳои Тоҷикистону Амрико дар як гуфтугӯи видеоӣ масъалаи узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро баррасӣ карданд. Дар ҷавоб ба хоҳиши тарафи Тоҷикистон намояндаи Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш ба Тоҷикистон барои даромадан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат кӯмак хоҳад кард. Дар ин музокироти видеоӣ аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони вазорати хориҷа ва вазорати рушди иқтисоду савдо ширкат доштанд. Музокироти видеоӣ бо кӯмаки сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG