Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳри падар ба Дориға Назарбоева дубора тофт


Нурсултон Назарбоев ва духтараш Дориға. Акс аз бойгонӣ
Нурсултон Назарбоев ва духтараш Дориға. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи ҷумъаи 20-уми январ парлумони ҷадиди Қазоқистон нахустин иҷлосия худро баргузор намуд.

Ба фарқ аз парлумони қаблӣ, ки тамоми вакилонаш аз ҳизби ҳокими Нур-Отани президент Нурсултон Назарбоев буданд, дар ҳайъати кунунии парлумон ба ҷуз Нур-Отан намояндагони ду ҳизби дигар – Оқ Жол ва ҳизби мардумии коммунистии Қазоқистон низ ҳузур доранд. Аммо бар асоси натоиҷи интихоботи рӯзи 15-уми январ, 83 курсӣ аз 107 курсии Маҷлиси Қазоқистон боз ҳам дар дасти Нур-Отан монд.

Дар ҳар сурат, дар иҷлоси нахустини Маҷлиси Қазоқистон Каримов Масимов дигарбора сарвазир интихоб шуд. Нурлан Неъматуллин аз ҳизби Нур-Отан раиси парлумон ва Дориға – духтари калонии президент Назарбоев, ки баъди дар ҳизби ҳоким мунҳал шудани ҳизби Асараш аз ҷониби Нур-Отан ба интихобот рафта буд, раиси кумитаи фарҳанги парлумон интихоб шуд. Ин интисоб як навъ ба
Дориға ва шавҳари пешинаш Роҳат Алиев (акс аз бойгонӣ)
Дориға ва шавҳари пешинаш Роҳат Алиев (акс аз бойгонӣ)
маънои дар чашми падараш каме сафед шудани Дориға Назарбоев аст, чунки ӯ дар пайи аз Қазоқистон фирор кардану дар хориҷ асрори хонаводаи Назарбоевро ифшо кардани шавҳараш Роҳат Алиев, қариб 4 сол зери соя қарор дошт ва зоҳиран акнун дубора ба саҳна бармегардад.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумони Қазоқистон дар пасманзари умеди маҳофил ва гурӯҳҳои сиёсӣ ба як тағйиру як ислоҳоти ҷиддиву фарогир дар ин кишвар саршор аз нафту газ ва маъодини Осиёи Марказӣ ва ҳам дар пайи ошӯби хунини Жанаозен доир шуд. Аммо тавре ба назар мерасад, ин орзуҳо чандон бароварда нашуд.

Нозирони СНГ, чун ҳамеша интихоботи Қазоқистонро ситоиш карданд. Вале нозирони САҲА аз он интиқод карда гуфтанд, ки ин раъйгирӣ ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи
Намое аз интихоботи парлумонии ахир дар Қазоқистон
Намое аз интихоботи парлумонии ахир дар Қазоқистон
демократӣ набуд ва бояд ба он шумори бештари аҳзоби «дар воқеъ мухолиф» роҳ дода мешуд. Ба бовари мунтақидон, ду ҳизби дигари ба парлумон роҳёфта – Оқ Жол ва ҳизби мардумии коммунист дар асл дар меҳвари ҳизби ҳоким мечарханд ва ба истилоҳ «ҳамроҳак»-и ҳизби ҳокиманд.

Сиёсатмадори мухолифи қазоқ Жасарал Куанишалин мегӯяд: «Назарбоев гуфт, интихобот демократӣ гузашт, ки албатта, муболиға аст. Худи даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлат асоси қонунӣ надошт ва танҳо ба хотири расмӣ кардани парлумони нав буд. Аз сӯи дигар, интихобот дар пасманзари куштори коргарони нафткаш дар шаҳри Жанаозен доир шуд. Барои қурбониёни Жанаозен ҳатто як рӯзи мотам эълон нашуд ва интихоботро ҳам ақибтар напартофтанд, ки таъхир нагузоштанд, ки дуруст набуд. Ин ҳама бӯе аз демократия надошт ва интихобот бо тақаллуби фаровон ва истифодаи низ фаровони манобеъи маъмурӣ. Ба он менозанд, ки парлумон чандҳизбӣ шуд. Вале Оқжол ва ҳизби мардумии коммунист ҳарду «додаракон»-и Нур-Отан мебошанд ва дар вақташ аз сӯи Оқ-Ӯрда ташкил шудаанд.»

Нурсултон Назарбоев дар посух ба танқиди нозирони ғарбӣ
Насибҷони Амонӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистон
Насибҷони Амонӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистон
гуфт, давлати ӯ дар оянда рӯи даъвати нозирони хориҷӣ ба интихоботҳои Қазоқистон ҷиддитар мулоҳиза хоҳад кард ва шояд бархе нозиронро дигар даъват накунад. Жасарал Куанишалин мегӯяд, Назарбоев танҳо нозирон аз кишварҳои пасошӯравиро таҳаммул мекунад, ки аз интихоботҳои баргузоркардаи ӯ ҳамеша ситоиш мекунанд.

Аммо Насибҷони Амонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Қазоқистон мӯътақид аст, ки Назарбоев дар асл ҳеҷ гоҳ мисли кишварҳои диктатурӣ ба рондани нозирони хориҷӣ аз корзорҳои интихоботиаш иқдом нахоҳад кард. Насибҷони Амонӣ мегӯяд, ҷомеаи Қазоқистон дар маҷмӯъ аз интихоботи ахир чандон хушу розӣ нест, ки мақомоти Остона мехоҳанд тасвир кунанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG