Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хостори нашри гузориши нозирони Ҷомеаи Араб шуд


Имрӯз Human Rights Watch (HRW) ё Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Ҷомеаи Араб хост, ки гузориши ниҳоии нозирони худро дар бораи Сурия ба табъ расонад. Сара Витсон-мудири бахши Ховари Миёнаи ин созмон дар Нию Йорк интишори ин гузоришро муҳим хонд. Ба гуфтаи вай, танҳо арзёбиҳои шаффофи нозирон метавонад рӯшан созад, ки нозирон дар Сурия бимонанд ё хайр. HRWҳамчунин аз Шӯрои Амнияти СММ хост, ки бар зидди Сурия таҳрими аслиҳа ҷорӣ шавад, то аз нооромӣ дар ин кишвар пешгирӣ ба амал ояд.
XS
SM
MD
LG