Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи видеoии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Амрико


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳайатҳо дар як конфарнси видеоӣ узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро баррасӣ карданд.

Дар ҷавоб ба хоҳиши тарафи Тоҷикистон намояндаи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, кишвараш ба узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) кӯмак хоҳад кард.

Дар ин конфаронс, ки бо ҳамкории Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, идораҳои умури хориҷии ду кишвар ва Вазорати рушди иқтисодиву савдои Тоҷикистон баргузор шуд, ҷараёни омодагии Тоҷикистон ба узвият дар СҶТ мавзӯи асосии сӯҳбати видеоиро ташкил дод. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар он ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои гуногуни ду кишвар, ки ба ин масъала дахл доранд, ширкат доштанд.

Ҳайати Тоҷикистонро вазири рушди иқтисодӣ ва савдо Фаррух Ҳамралиев ва ҳайати Иёлоти Муттаҳидаро муовини раиси Намояндагии тиҷоратии Амрико хонум Мара Бур сарварӣ карданд. Онҳо дар бораи корҳои омодагие, ки барои узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат гузориш доданд ва ба зарурати ҳамоҳанг кардани қонун ва меъёрҳои кишвар бо талабҳои ин созмон таъкид намуданд.

Тоҷикистон умедвор аст, ки узвияташ дар СҶТ ба густариши ҳамкориҳои он бо аъзои ин ниҳоди байнулмилалӣ ва дарёфти имтиёзҳои муайяне дар додуситади байнулмилалӣ мусоадат хоҳад кард. Охири соли гузашта барои суръат додан ба вуруди Тоҷикистон ба СҶТ ин кишвар бо Туркия низ созишномаеро ба имзо расонд. Ин санад дар ҳошияи мулоқоти вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар Женев ба имзо расид. Аз ҷониби Тоҷикистон ин санадро Салоҳиддин Насриддинов,намояндаи Тоҷикистон дар дафтари СММ дар Женев ва аз ҷониби Туркия Бозуркат Аран, намояндаи доимии ин кишвар дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат имзо карданд.
XS
SM
MD
LG