Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намудҳои андоз кам мешавад, аммо миқдор чӣ?


Баррасии фишорҳои бюрократӣ ба соҳибкорони тоҷик. Душанбе, 13-уми июни соли 2008.

Баррасии фишорҳои бюрократӣ ба соҳибкорони тоҷик. Душанбе, 13-уми июни соли 2008.

Дар тарҳи нави Кодекси андоз мумкин аст, танҳо 11 навъи он боқӣ бимонад. Аммо ин ҳам ҳанӯз дақиқ нест.

Муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Рустам Ҷабборов дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, пешниҳод шудааст, ки дар қонуни нав танҳо 11 намуди андоз нигоҳ дошта шавад. Ҳоло дар Тоҷикистон 21 навъи андоз мавҷуд аст, ки боиси шикояти соҳибкорон мебошад.

Ин тасмим дар ҳоле эълон мешавад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат рӯзи 18-уми январ пешниҳод кард, шароити соҳибкорӣ дар кишвар беҳтар шавад. Вай ҳамзамон ба татбиқи комили сиёсати “Равзанаи ягона” барои сабтиноми ширкатҳои хусусӣ даъват намуд. Ин даъват ба эҳтимоли зиёд аз мушкилҳое дар иҷрои тарҳи мазкур хабар медиҳад.

Соҳибкорон дар Тоҷикистон аз навъҳои зиёди андоз ва дарсади андоз шикоят доранд ва онҳоро “ҳалқадаваки дор” барои бизнес меноманд. Ин сабаб гаштааст, ки дар бархе аз ширкатҳо ҳисобукитоби дугона вуҷуд дорад -- яке барои ҳақиқат ва дигаре барои Кумитаи андоз. Талоши тағйир ва ислоҳи Кодекси андоз ва ҳам ҷорӣ кардани сиёсати “Равзанаи ягона” дар Тоҷикистон бо тавсия ва сармоягузориҳои бузурги созмонҳои молиявии байнулмилалӣ ҷараён мегирад. Мақсад аз онҳо рушди бахши хусусӣ ва аз ин роҳ кӯмак ба пешрафти иқтисодии Тоҷикистон аст.

Муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Рустам Ҷабборов дар ин нишасти хабарӣ рӯзи ҷумъа гуфт, ҳайати таҳрири кодекси нави андоз баррасии бахши умумии тарҳи навро ба поён мерасонад ва акнун ба муҳокимаи бахши махсуси он мегузарад, ки мумкин аст, бо коҳиши теъдоди андозҳо тамом шавад. Вай илова кард, ки гурӯҳи кории таҳияи кодекси нав “то ҳол дар масъалаи таҳрири қонуни андоз аз соҳибкорон, ниҳодҳои андоз, созмонҳои байнулмилалӣ ва андозсупорони дигар зиёда аз 800 пешниҳод” гирифтааст.

Гурӯҳи кории таҳияи қонуни нави андоз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2010 таъсис ёфта, қарор аст, тарҳи навро то аввали моҳи апрели соли 2012 ба ҳукумат пешниҳод кунад. Бо вуҷуди идомаи кори ин ҳайат, бархе аз соҳибкорон аз майлу бартаридиҳии он дар таҳияи санад изҳори ноқаноатмандӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG