Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истихроҷи тилло дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Рӯзи ҷумъа Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин кишвар соли 2011 нисбат ба як соли пеш тақрибан 135 кило бештар тилло истихроҷ кардааст. Вай дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон гуфт, соли 2011 Тоҷикистон 2 тону 240 кило тилло истихроҷ кардааст ва ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2012 тавлиди онро 200 кило бештар кунад. Бештари ин маъдани гаронбаҳо дар корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон бо номи “Зарафшон-1” ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG