Пайвандҳои дастрасӣ

Рушдӣ дар ҷашнвораи адабии Ҷайпур ширкат намекунад


Салмон Рушдӣ

Салмон Рушдӣ

Нависанда Салмон Рушдӣ, ки ҳоло дар Британия ба сар мебарад, эълон кард, ки наметавонад дар ҷаншвораи адабии Ҳиндустон ширкат варзад. Сабаб ин аст, ки дар остонаи ин ҷашнвора гурӯҳе аз рӯҳониюни тундрави исломии Ҳинд эътироз кардаанд. Хабари ширкати Рушдӣ дар ҷашнвораи Ҷайпур норизоятии баъзе аз тундравҳои исломиро ба бор овард. Рушдӣ нависандаи муқими Британия аст ва дар Ҳиндустон ба дунё омадааст. Китоби вай бо номи “Оёти шайтонӣ” дар соли 1988 ба чоп расид ва тундравҳо онро тавҳин ба ислом арзёбӣ карданд. Тундравҳо аз ҳукумати Ҳиндустон тақозо кардаанд, ки аз ширкати Рушдӣ дар ҷашнвора пешгирӣ кунад. Рушдӣ 65 сол дорад.
XS
SM
MD
LG