Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабкалов: Бастани роҳи оҳан ангезаи сисёсӣ дорад


Владимир Сабкалов-муовини раиси ширкати “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон гуфт, бастани қисмати роҳи оҳани Амузанг-Хатлон барои пешгирӣ аз интиқоли молу коло ангезаи сиёсӣ дорад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ додааст. Ба гуфтаи вай, “масъалаи бастани роҳи оҳан “ба сабаби тахриби пул” масъалаи комилан сисёсист ва мо кормандони роҳи оҳан коре карда наметавонем”. Оқои Сабкалов гуфт, ҳоло дар қаламрави Узбакистон 298 вагони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Ин қисмати роҳи оҳан 16 ноябр баста шуда буд.
XS
SM
MD
LG